Activities calendar

21 Апрел 2017

МАҲФИЛИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН»

Баҳри амалӣ гардидани Амри раиси вилояти Хатлон аз 17 январи соли 2017, №2 «Дар бораи баргузор намудани чорабинии маърифтию иттилоотӣ» таҳти унвони «Корвони маърифат» рӯзи 21 апрели соли равон аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби 6 оилаи намунавии собиқадору рӯзгордида ва иштироки беш аз 500 нафар ҷавонону духтарон ва падару модарон маҳфили «Оилаи беҳтарин» доир намуд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ИСТИҚЛОЛ

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои ифротгаро ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, татбиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳайати кормандони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии вилоят дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо ҷавонон,

САРФАРОЗ ГАРДИДАНИ 5 НАФАР БО ШАҲОДАТНОМАИ “НОМЗАДИ УСТОДИ ВАРЗИШ”

Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва бахши ҷавонони ноҳияи Носири Хусрав бахшида баҷашни Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани Соли ҷавонон дар деҳаи Сангобаи ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол, гуштини миллӣ, валебол, баскетбол, шоҳмот ҳамчунин дигар намудҳои варзиш доир намуда, ғолибонро бо медалу ҷомҳо, туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

ТАБИБОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Аз ҷониби Раёсати тандурусти вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳои иттилоотию маърифатии “Корвони маърифат” бо ҷалби мутахассисони варзидаи касбии вилоят-духтурони асабшинос, дилшиносу осебшинос, духтури саратоншинос ва дандонпизишк дар ҷамоати деҳоти Наврӯзи Носири Хусрав «Корвони саломатӣ» доир намуда, таввасути он ба сокинони маҳал хизмати ройгони тиббӣ расониданд.

ШАҲШ ОИД БА САБАБҲОИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ВОХӮРӢ ДОИР НАМУД

Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон бо фаъолони деҳаи Бешкенти Ҷамоати Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар мавзӯҳои “Пешгирии оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ”, “Сабабҳои пошхӯрии оилаҳо”, “Тағйиру иловаҳои воридгардида дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” “Оид ба манъ кардани ақди никоҳ байни хешовандони наздик ва пешгирии оқибатҳои он” вохӯрӣ доир

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11