Activities calendar

14 Апрел 2017

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ ОИД БА НАТИҶАИ ТАФТИШИ ТАШКИЛОТУ МУАСИССАҲОИ БУҶЕТӢ

13 апрели соли 2017 дар ноҳияи Панҷ бо иштироки муовини соҳавии раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ, намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарону сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Панҷ ҷаласаи назоратӣ оид ба натиҷаи тафтиши ташкилоту муасиссаҳои буҷетии ноҳия доир гардид.

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДОИР ГАРДИД

Рӯзи 12 апрели соли 2017 дар комиссарияти ҳарбии вилоят таҳти роҳбарии раиси Комиссияи даъватӣ-муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи даъватии вилояти Хатлон доир гардид.

НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

13 апрели соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бо ташаббуси маъмурияти осорхона дар якҷоягӣ бо Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон бахшида ба 20 -солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»  мизи мудаввари илмӣ баргузор гардид.

МУШОВАРАИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар толори Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидов мушовараи ҷамъбастии семоҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М доир гардид, ки дар кори он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Саидов Б.Ш, Сафаров.Ш.А-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, менеҷерони сохтори госпиталӣ, директорони марка

МАҲФИЛИ ШЕЪРИ “ОЗАР”

Санаи 13-апрел дар толори хониши оммавӣ Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки доираи васеи навқаламон ва эҷодкорони ҷавони вилоят маҳфили шеъри “Озар” баргузор гардид.

Дар қисмати аввали маҳфил шеърҳои тозаэҷоди навқаламони ҷавон шунида ва таҳлил карда шуданд.

БОЗСОЗИИ РОҲИ ДУШАНБЕ-ҚӮРҒОНТЕППА

Дар марҳилаи аввали корҳои таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа 96 миллион доллари ИМА харҷ хоҳад шуд.

ХАБАРҲО АЗ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Дар санаи 10 апрели моли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Н.Х аз вазъи муассисаҳои нохияҳои Хуросон, А.Ҷоми, Темурмалик, Ҳамадони, Восеъ, Бохтар дидан намуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11