Activities calendar

11 Апрел 2017

СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “ДАСТРАСИИ ГУРӮҲҲОИ КАМҲАРАКАТИ АҲОЛӢ БА БИНО ВА ИНШООТ”

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Бохтариён” машғулияти омӯзишии оид ба такмили ихтисос барои меъморони маҳаллӣ ва лоиҳакашон дар мавзўи “Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ” ба кор худ шурӯъ намуд.

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МО ВА ШОҲНОМА” МУАЙЯН ГАРДИД

Аз санаи 2 то 9-апрел дар китобхонаҳои бачагонаю мактабии вилоят Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», бо иштироки доираи васеи хонандагон, китобдорон ва шоиру нависандагон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

ДАР САНАИ 8 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛОМАТӢ

Аз соли 1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана имсол таҳти шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!» дар қаламрави вилояти Хатлон қайд карда шуд.

МАҲФИЛ БА ИФТИХОРИ ҲУНАРМАНДИ ЗИНДАЁД ФАТҲИДДИН ТЕШАЕВ

Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллии кишвар дар ноҳияи Бохтар таҳти унвони «Садои ошно» атрофи ҳаёт, фаъолият ва мактаби эҷодии «Аълочии фарҳанг», ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Фатҳиддин Тешаев чорабинӣ доир шуд.

ҚУБОДИЁН, СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Бо мақсади расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба сокинони ҷамоати «Тахти Сангин» аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба беморхонаи рақами №1-и ноҳияи Қубодиён як автомашинаи Хундай-Стрекс туҳфа карда шуд.

ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2017

Дар раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ҷаласаи ҳайати мушовараи раёсат оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва сохторҳои тобеи он дар 3 моҳи аввали соли 2017 бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарама Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид.

ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДК БА САРДОРИ РАЁСАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ВИЛОЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода бо гурӯҳи устодону муҳассилини донишгоҳи мазкур баргузор гардид.

ХАТНАИ ДАСТҶАМЪОНА БО ТАШАББУСИ СОҲИБКОРИ ҲИММАТБАЛАНД

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ маросими хатнаи дастҷамъонаи 70 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоати деҳоти мазкур баргузор гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11