Activities calendar

10 Апрел 2017

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ КРИОЛИТ, АЛЮМИНИЙИ ФТОРДОР ВА КИСЛОТАИ СУЛФАТ ДИДАН КАРД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо фаъолияти Корхонаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд.

«КОРВОНИ МАЪРИФАТ» ДАР МЕҲМОНИИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Дар дораи омодагиҳо ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони «Корвони маърифат» дар ноҳияи Қӯбодиён доир гашт.

Ҳайати гурӯҳи кории корвонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо самимияти хоса ва суруду тарона пешвоз гирифтанд.

КУРСҲОИ КУТОҲМУДАТИ КОМПЮТЕРӢ

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 03 марти соли 2017 инҷониб бо ҷалби 15 нафар шунавандагон курси кӯтоҳмудати компютериро ташкил намудааст, ки то 04 майи сли 2017 анҷом ёфта, шунавандагон баъди омӯзиши курси мазкур соҳиби сертификат мегарданд. Хоҳишмандон барои омӯзиши курси компютерӣ метавонанд ба Марказ муроҷиат намоянд.

ЯК ҲАФТАИ ФАРАҲБАХШ

Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «13» январи соли 2017 №66 Низомномаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11