Activities calendar

06 Апрел 2017

СИЛСИЛАВОХӮРИҲОИ ЗАНОН БАХШИДА БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СОЛИ ҶАВОНОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Таҳкими Истиқлолият-Ваҳдати миллӣ» ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Хатлон аз 5 апрели соли 2017 вохӯриҳоро оғоз намуд.

ОЗМУНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОИР ГАРДИД

Рӯзҳои 3 - 4 апрел даври дуюми озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардида, ғолибон ба даврӣ ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРИ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Хуросон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи гусели наваскарони ихтиёрӣ бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, наваскарон ва падару модарон баргузор гардид.

ФЕСТИВАЛИ ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Ҳамасола бо ташабуси Китобхонаи давлатии бачагона ба номи М.Миршакар рӯзҳои 2-9-уми апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

СОХТМОНҲОИ ЯК ҚАТОР МАРКАЗҲО ВА БУНГОҲОИ САЛОМАТӢ ДАР ВИЛОЯТ ДАР СЕМОҲИ СОЛИ 2017

Дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва бо ҷалби ташкилотҳои байналхалқӣ ва бо саҳми аҳолӣ бо таври ҳашар як катор сохтмонҳои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуда, дар як қатори онҳо сохтмон идома доранд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11