Activities calendar

03 Апрел 2017

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ  ХАЛҚИ ТОҶИК»

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ ДАР ТАЛУ ТЕППАҲО

Боғдорони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии бунёди боғу токзорҳо барои солҳои 2016-2020» тадбирҳои муайянро ба сомон расонида, то имрӯз дар майдони 759 гектар заминҳои ғайрикорами обӣ, яъне талу теппаҳо ниҳол шинонида, нақшаи солонаро ба андозаи 81 фоиз иҷро намуданд. Ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Балҷувон ва Данғара нақшаи бунёди боғҳои навро аз 100 то 157, 4 фоиз иҷро намуданд.

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ РӮЗНОМАНИГОР ШАРИФИ МИСАЙЗОД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии ноҳияи Восеъ ба хотири гиромидошти номи рӯзноманигори шинохтаи кишвар, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ Шарифи Мисайзод, то имрӯз як зумра тадбирҳои некро амалӣ намудааст.

КОРВОНИ МАЪРИФАТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

1 апрели соли 2017дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зери унвони «Корвони маърифат» дар ҳайати кормандони масъули раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят- ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ, ҳуқуқи кӯдак ва васоити ахбори омма м

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11