Таърих:
Вилояти Хатлон дар симои вилояти Кӯлоб аввалин маротиба соли 1920 дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро бо марказаш шаҳри Кӯлоб аз туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Фархор, Ховалинг ва Мӯъминобод таъсис дода мешавад. Мувофиқи Фармони (Укази) Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ 27 октябри соли 1939 вилояти Кӯлоб бори дуввум бо маркази маъмуриаш шаҳри Кӯлоб таъсис меёбад.
Вилояти Қӯрғонтеппа соли 1947 барҳам дода шуда, ноҳияҳои он ба ҳайати вилояти Сталинобод (Душанбе) ҳамроҳ карда мешаванд. Вилояти Қӯрғонтеппа бори дуюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1977 бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил ва ба ҳайати он баробари ноҳияҳои дар боло зикргардида шаҳри Норак низ ҳамроҳ карда мешавад. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 8 сентябри соли 1988 ду вилояти қисмати ҷанубии Тоҷикистон Кӯлобу Қӯрғонтеппа муттаҳид гардонида шуда, вилояти калонтарини ҷумҳурӣ — Хатлон ташкил меёбад.
Аммо дар ҳошияи пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати ҷудошавии ҷумҳуриҳо ва инчунин минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар натиҷа моҳи феврали соли 1990 вилояти Хатлон боз вилоятҳои алоҳидаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар шакли пешина ташкил шуда, баъдан бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1992 вилояти Хатлони бостонӣ аз нав эҳё гардидааст.
Мавқеи ҷуғрофӣ:
Мавқеи ҷуғрофии вилояти Хатлон Вилояти Хатлон дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳудуди он 24,8 ҳазор км мур. ташкил медиҳад, ки ба 17 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ғарб ба масофаи 103 км бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҷануб ба масофаи 420 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.
Захираҳо:
Вилоят аз рӯи сатҳи табиӣ мавзеи кӯҳсор ва иқлимаш хушк ба ҳисоб рафта, ҳарорат дар тобистон то +48 дараҷа гарм ва зимистон то -20 дараҷа хунук мешавад.
Аз рӯи тақсимоти марзиву ҳудудӣ вилоят ба 21 ноҳия, 4 шаҳр, 21 шаҳрак ва 133 деҳот тақсим мешавад.
Дарёҳои асосӣ: Амударё (Окс) -Панҷ дарозиаш 921 км, Вахш -254 км, Сурхоб (ҷанубӣ) -230 км, Оқсу -160 км
Обанборҳои калонтарини вилоят: Муъминобод (сатҳаш 3,4 км мур., ҳаҷмаш 25 млн. метри мур.), Норак (сатҳаш 106,0 км. мур., ҳаҷмаш 10500 млн. метри мур.) ва Селбури
Дар вилоят аз кӯлҳои зиёд мавҷуд буда, сатҳи умумии обҳои онҳо 109,4 км мураббаъро ташкил менамояд.
Дар вилоят 62 миллат ва халқиятҳо, аксар тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркменҳо, қирғизҳо ва русҳо зиндагӣ мекунанд.
Ёдгориҳо:
Имрӯз дар қаламрави вилоят 931 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки аз онҳо 721 адад ёдгориҳои бостонӣ, 124 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 86 адад ёдгориҳои монументалиро ташкил медиҳанд. Боиси қайд аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ба Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.