Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят дар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст амал намуда, онро раис роҳбарӣ мекунад.
Маҷлиси вакилони халқи вилоятро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мекунанд.
ВАКОЛАТИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ:
— буҷети маҳаллиро қабул мекунад, ҳангоми зарурат ба он таѓйиру иловаҳо ворид менамояд, иҷрои онро назорат намуда, ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;
— роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳалро муайян намуда, барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаи дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
— андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад;
— дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии ҳудуди марзию маъмурии дахлдорро муайян менамояд ва истифодаи самараноки онро назорат мекунад;
— дар доираи ваколати худ барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии ҳудуди воҳиди марзию маъмурии дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
— дар доираи ваколати худ барномаҳои мусоидат ба шуѓли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
— дар доираи ваколати худ муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табииро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;
— раиси вилоятро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудааст, тасдиқ мекунад;
— ба раиси вилоят ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани ӯ масъала мегузорад;
— ҳисоботи роҳбарони сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои дахлдорро оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ мансубанд, баррасӣ менамояд ва ҳангоми зарурат ба мақомоти дахлдор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори онҳо пешниҳод ирсол медорад;
— Дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул ва ба он таѓйиру иловаҳо ворид менамояд;
— комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро таъсис медиҳад, Низомнома ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад, ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад;
— ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ менамояд;
— санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдори поёниро дар сурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор мекунад;
— мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои раиси вилоятро тасдиқ ё бекор мекунад;
— тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад;
— дар доираи ваколати худ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳоеро муайян менамояд, ки барои вайрон намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад;
-масъалаҳои таѓйир додани сарҳади вилоят, шаҳр ва ноҳия, таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи вилоят, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ намуда, қарори худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
— нақшаи ташкили комплексӣ-ҳудудии вилоят, шаҳр ва ноҳия, нақшаи генералии вилоят, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
— қарорҳои раиси вилоятро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоят ва роҳбарони дахлдори сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тасдиқ менамояд;
— дигар ваколатҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд.
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 69 вакил мебошад.
Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз тарафи раиси вилоят (раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон) даъват карда мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ғайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.
Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ мансубанд.
Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.
Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.
КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Комиссияҳои доимӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ ба муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқи даъвати дахлдор таъсис дода мешаванд.
Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.
Маҷлиси вакилони халқ бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ номгӯй ва шумораи ҳайати комиссияҳои доимӣ ва муваққатиро муқаррар намуда, аз ҳисоби вакилон раис ва аъзои онҳоро интихоб менамояд. Вакили Маҷлиси вакилони халқ метавонад танҳо узви як комиссияи доимӣ бошад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, муҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар намуда, фаъолияти онҳоро Низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.
Комиссияҳои доимӣ дар назди Маҷлиси вакилони халқ масъул буда, ба он ҳисобот медиҳанд.
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо дарназардошти самтҳои фаъолият ва хусусиятҳои маҳал номгӯйи зерини комиссияҳои доимиро таъсис додааст:
1) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 11 вакил буда, раиси комиссия Салимзода Амонулло Файзулло — вакил аз ҳавзаи интихоботии №32 мебошад;
2) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси комиссия Сулаймонзода Акрам Раҳим — вакил аз ҳавзаи интихоботии №64 мебошад;
3) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иборат аз 11 вакил буда, раиси комиссия Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз — вакил аз ҳавзаи интихоботии №1 мебошад;
4) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 11 вакил буда, раиси комиссия Файзуллозода Заробиддин — вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 мебошад;
5) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси комиссия Шарифӣ Фирӯза — вакил аз ҳавзаи интихоботии №24 мебошад;
6) Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон, иборат аз 13 вакил буда, раиси комиссия Зоирзода Маърифат Оймаҳмад — вакил аз ҳавзаи интихоботии №12 мебошад.
Комиссияҳои доимӣ ҳамчун мақомоти кории Маҷлиси вакилони халқ дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда буда, дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳокимаи озоду дастҷамъӣ фаъолият менамоянд.