Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Вахш вусъат ёфта, бунёду азнавсозии беш аз 200 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ҳамин тадбирҳо қариб 20 км роҳҳои сатҳи маҳал таҷдиду азнавсозӣ карда шуда, беш аз 40 синфхонаи иловагӣ ва иншооти соҳаи тандурустӣ низ бунёд карда мешаванд.
Гузориши ТВ «Тоҷикистон» аз ҷараёни ободкориҳо дар ноҳияи Вахш қисса мекунад.