Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 7 то 8 ноябри соли 2018 баён доштанд, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бинои меҳмонхонаи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди боғи марказии шаҳр ҷойгир аст, ҷараёни тоза касб кардааст. Имрӯзҳо дар ин иншоот 47 нафар кормандон ба корҳои сохтмонӣ ва васлгарии таҳхона машғуланд.

  Тибқи маълумоти сохтмончиён дар таҳхона таваққуфгох барои мошинҳо сохта шуда, дар ошёнаҳои баъдӣ бунёди маркази савдо, кинотеатр, китобхона, маркази хизматрасонӣ, нуқтаи хушкашӯии кимиёвӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст .

  Иттилоъ дода мешавад, ки пас аз анҷоми меҳмонхона 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here