Имрӯз, 20 март, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кӯшониён маркази саломатии деҳотиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази саломатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Исмоилзода Салоҳиддин ба маблағи 680 ҳазор сомонӣ бӣунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ 12 нафар сокинони маҳал ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд.
Марказ бо тарҳи змонавӣ бунёд гардида, дорои 7 утоқи корӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ аз тарафи соҳибкор муҷаҳҳазонида шудааст. Дар дохили марказ утоқҳои дандонпизишкӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, ҳуҷраи доругузаронӣ, муоинаи тиббӣ (узӣ) ва утоқи бақайдгирӣ омодаи хизмат ба шаҳрвандон мебошанд.
Марказ барои 3000 нафар сокинони деҳаи Ҳосилот бо 4 нафар корманди соҳаи тиб хизмати тиббӣ мерасонад.