Сокинони аз офати табиии моҳи май зарардидаи ноҳияи Хуросон имрӯзҳо бо кумаки мақомоти давлатӣ дар маҳалли бехавф ба сохтмони манзилҳои нави худ шурӯъ намудаанд.

Сироҷиддин Бобохонов сарвари яке аз 67 хонаводаест, ки дар маҳалли Чорбоғ соҳиби 0,08 га замин шуда, аллакай зербинои манзилашро бунёд кардааст. Вай мегӯяд, ки аз ҷониби давлат барои оилааш масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, арматура, инчунин миқдори кофии маводи озуқа дастрас шудааст. Ихтиёриён ва сарбозони КҲФ дар кори сохтмони манзил ба хонаводаи С. Бобохонов ва дигар зарардидаҳо кумак мекунанд.
Сироҷиддин Бобохонов
— Ният дорам, ки то 1 август сохтмонро ба анҷом расонида, вориди манзили нави хуштарҳамон гардем, ки аз 5 ҳуҷра иборат хоҳад буд, — мегӯяд Сироҷиддин Бобохонов. — Ҳатман ҳамаи шуморо ба меҳмонӣ даъват хоҳам кард.
Маҳмурод Солиев, сокини дигари ҳамин маҳалла, низ аллакай лоиҳаи сохтмони манзилашро аз мутахассисони соҳаи бинокорӣ дастрас намудааст. Ӯ низ айни кумакҳои болозикрро дастрас намуда, барои ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдории самимӣ мекунад.
Маҳмурод Солиев
— Аз рӯзи аввали сар задани ин ҳодиса мо худро танҳо эҳсос намекардем, — мегӯяд М. Солиев. — Тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар паҳлуи мо буданд. Аз роҳбарияти давлат, вилоят, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки пайваста бо маводи ғизоӣ, ашёҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида, дастгирии рӯҳию маънавиашонро дареғ намедоранд, сидқан сипосгузорам.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон