Дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилоят низ як силсила иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Турсунзодаи шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Давронова Марҳамат бунёд гардида, дар як шабонарӯз то 18 тонна маҳсулоти хӯроквориро истеҳсол карда метавонад. Айни ҳол дар корхона 100 нафар ба ҷойи корӣ доимӣ фаро гирифта шуда, дар оянда ин шумоа ба 150 нафар расонида мешаванд.
Сохтмони корхонаи мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саноаткунонии босуръати кишвар ва дастгирии соҳибкорон ба роҳ монда шудааст.
Пудратчии бунёди корхонаи мазкур ҶДММ «МФМ Нигора» ба ҳисоб рафта, арзиши сохтмон 7 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Қурбон Ҳакимзода инчунин дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ (ҷӯроббофӣ) ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Соҳибназаров Расул ба анҷом расида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 адад дучарха ва 200 ҷуфт ҷӯробро ташкил медиҳад. Дар ин корхона 56 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд.
Сохтмони он бо усули хоҷагӣ ба вуқӯъ пайваста, бо сарфи 2 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст.
Сарвазири мамлакат ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу технологияи муосир иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор аст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон