75 нафар хонандагон ва 4 омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ соли нави таҳсилро дар 4 синфхонаи зебои навбунёд оғоз намуданд.
Чанде қабл бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани синфхонаю ҳуҷраҳои кории нав барпо шуд.
Синфхонаҳои иловагӣ бо ҳуҷраи кории муаллимон ва ҳуҷраи китобхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдулмаҷид Зоиров сохта шудаанд. Бинои мазкур дар доираи ташаббусҳои соҳибкорон ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки хонандагони синфҳои ибтидоии деҳаи Ваҳдат то бунёди ин синфхонаҳо роҳи дарозро тай карда, ба МТМУ №5 мерафтанд, ки ин боиси дермонӣ аз дарсҳо мегардид.
Акнун, ки мушкилоти роҳ бартараф гардид, онҳо имкон пайдо карданд, то дар деҳаи худ бо баҳои хубу аъло хонда, ба хизмати Ватани маҳбуб омода шаванд.