Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб бунёди якчанд иншоотҳои баландошёна идома дорад, ки биноҳои ҳабдаҳошёнаи Донишкадаи технологӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор аз ҷумлаи онҳост. Биноҳои мазкур дар шафати рости хиёбони Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, аз ҳам дар масофаи беш аз 2 километр дурӣ қарор доранд. Бинои меҳмонхона дар маркази шаҳр, яъне дар канори боғи маданӣ истироҳатӣ ва бинои Донишкадаи технологӣ дар даромадгоҳи шаҳр ё худ дар қисмати ҷанубии хиёбони мазкур бунёд ёфта истодаанд.Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ба ин ду бинои баландошёна, ки аз ин пас ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар замъ мекунад, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айни сафарҳои кории хеш ба шаҳри Кӯлоб санги асос гузошта буданд.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншоотҳои бунёдгаштаи шаҳр дар ҳоли пешравист.