Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст, ки ба истиқболи ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти худ ба андозаи 890 иншоотҳои дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, бунёд намояд. Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид, қайд гардид, ки аксари ин иншоотҳо ё худ 831 адади он тавассути нерӯи соҳибкорони маҳаллӣ ва зодагони шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёд карда мешаванд. Қисмати зиёди соҳибкорон ва ашхоси хайрхоҳи имкондор ӯҳдадор шудаанд, ки роҳу пулҳои солҳо рӯи таъмир надидаи деҳу шаҳри худро асфалтпӯшу таъмир карда, иншоотҳои маданию маишӣ месозанд.Имрӯзҳо барои амалӣ намудани ин мақсади нек корҳои созандагӣ дар ҷӯшу хуруш аст ва ҳама баҳри он талош доранд, ки иншоотҳои оғоз кардаи хешро дар мӯҳлати муқаррар шуда сохта ба истифода диҳанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here