Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 17 апрел, бо сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ ташриф овард.
Нахуст, раиси вилоят дар деҳаи Қумсойи Ҷамоати деҳоти «Намуна» аз фаъолияти ҶДММ «Панҷрӯд Панҷ», ки ба парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм машғул аст, дидан кард.
Соҳибмулки корхона Ҷамолиддин Зоҳидов ба раиси вилот иттилоъ дод, ки феълан наздик ба 22 ҳазор сар парандаи навъи «Хайсес ҳувайт» дар ин ҷо парвариш мешавад. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои навоҳии Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар ба фурӯш гузошта мешавад.
Ҳар рӯз дар корхона ба ҳисоби миёна 18-19 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ноҳия ҷиҳати дастгирии соҳибкорон,аз ҷумла дар самти парандапарварӣ дастур дод.
Вобаста ба то 100 ҳазор сар афзоиш додани саршумори паранда, хуррмгардонии атрофи корхона, ба роҳ мондани системаи вентилятсионӣ дар дохили парваришгоҳ ба роҳбарияти ҶДММ «Панҷрӯд Панҷ» тавсияҳо дода шуд.