Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайъати гурӯҳи корӣ дар вилояти Сурхандарё аз хоҷагии фермерии «Абдулазизов Зиёдулло» дидан намуд.
Хоҷагии мазкур ба парвариши анор машғул буда, майдони умумии анорбоғ 8 гектарро дар бар мегирад. Роҳбари хоҷагӣ иброз намуд, ки ҳамасола аз 1 гектар то 35 тонна анор ҷамъовари намуда, ба хориҷи кишвар содирот менамоянд.
Айни замон нашъунамои ҳосилнокии анор хуб буда, барои эмин нигоҳ доштан аз гармии ҳаво ҳар як донаи анорро бо қоғаз маҳкам мекунанд.
Инчунин роҳбари хоҷаги иброз намуд, ки бо анорпарварони вилояти Хатлон дар оянда ҳамкориро ба роҳ хоҳем монд.