Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Бохтар ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Нурулло Шарипов дидан намуданд.

Муассисаи мазкур соли 1965 барои 964 хонанда бунёд гардида, куҳнаву таъмирталаб шуда буд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Муҳамммадзариф Шарифзода ва кооперативи истеҳсолии “Наврӯз” дар муассисаи таълимии мазкур 20 синфхона, роҳравҳо, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, намои берунӣ аз таъмири асосӣ бо сифати баланд бароварда шуд. Роҳравҳои таълимгоҳ сафалокчинӣ, майдони пеши муассиса майсакорӣ ва гулкорӣ гардида, дарахтони нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки ба муассиса 15 компютер, 340 дона миз, 680 курсӣ, 40 ҷевон, 40 адад миз барои хонаи омӯзгорон, 180 адад роҳаткурсӣ барои толори маҷлисгоҳ таъмин карда шудааст. Ороиши синфхонаҳо (шиору овезаҳо), системаи гармидиҳиро соҳибкор пурра таъмир ва ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст намудааст.

Қобили зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Сарвазири мамлакат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон даъват намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон