Инчунин, дар идомаи сафари корӣ рӯзи 4 апрел дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи корӣ аз гармхонаҳои доимамалкунанда, сардхонаҳо ва сехи коркарди ҶДММ «ТОҶ АГРО»-и деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб шиносоӣ пайдо карданд.
Тибқи маълумоти роҳбари ҷамъияти мазкур Мирзоалиев Абубакр дар заминаи хоҷагидории худ 56 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 21 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Аз 22 га боғи мевадиҳанда 4,5 гектарашро боғи зардолуи навъи қандак, бобоӣ, субҳонӣ ва 17,5 гектарашро боғи себ ташкил медиҳад. Дар 21 гектар токзор ангурҳои навъи ҳусайнии сафеду сиёҳ, “шоҳона”, “победа”, кишмиши сафеду сиёҳ ва ангури навъи тойфӣ парвариш ёфта истодааст. Дарахтони мева ва токзори ҷамъият ба ҳосил даромадаанд. Дар баробари ин, ҶДММ “ТОҶ АГРО” барқароркунии 13 гектар токзори дигарро ба роҳ мондааст.
Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироатҳо ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор ва дигар намуди зироатҳо ҷараён дошта, ҳосили он барои аҳолӣ пешкаш гардида истодааст. Парвариши дарахтони ситрусӣ бошад, дар гармхонаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.
Барои нигоҳдории ҳосили меваи боғу токзори худ дар Ҷамъияти мазкур бунёди сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Инчунин, аз ҷониби ҶДММ “ТОҶ АГРО” бунёди сехи коркарди асал ба роҳ монда шудааст. Баъди пурра мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани сардхонаҳо ва сехи коркарди асал зиёда аз 20 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.