Сарвазири мамлакат муҳтарам Қохир Расулзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик аз Боғи пистазор, ки дар мавзеи Гураҳтози Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ ҷойгир аст, дидан намуданд.
Ба Сарвазир маълумот дода шуд, ки боғи мазкур дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи «Муҳаммадэҳсон» (хоҷагии мазкур соли 2005 ташкил шудааст ва майдони умумии хоҷагӣ 40 гектарро ташкил медиҳад.) дар масоҳати 21 гектар барои таъмини аҳолӣ бо писта пешбинӣ гардида, аз тарафи соҳибкор Эсанов Атабек бунёд карда шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии болозикр дигар дарахтони мевадиҳанда зардолу 4 гектар, нок 1 гектар, себ 2 гектар, чормағз 1 гектар, бодом 4,5 гектар, ангур 2 гектар ва дигар мевагиҳо аз тарафи соҳибкор шинонида шудааст. Дар боғи мазкур зиёда аз 28 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кори мавсимӣ таъмин мебошанд.
Ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии мазкур аз масофаи 8 км об кашонида, барои таъмини оби қатрагӣ ба ниҳолҳои шинонидашуда ду ҳавзи об бо ғунҷоиши 3000 об ташкил карда шудааст. Инчунин дар назди хоҷагии деҳқонӣ гармхона дар масоҳати 0,3 гектар ташкил карда шудааст, ки дар он бодиринг, помидор, балгарӣ ва парвариши парвардаи писта ба роҳ монда шудааст.
Баъдан, аз рафти корҳои сохтмони Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд воқеъ аст, шиносоӣ пайдо карданд. Тибқи маълумот таъмиру азнавсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Олмон оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҷиҳозонидани шуъбаҳои мазкур бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва дигар анҷомҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Оқсу» бо ҷалби мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ дар иншоот рафта истодааст.
Ба истифодадиҳии иншоот давоми моҳи сентябри соли 2022 пешбинӣ гардидааст.
Тибқи нақшаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Танобчии болои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ боздид ба амал оварданд. Тибқи маълумот дар ноҳия мавзеҳои хатарнок дар умум 27 километрро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аввалиндараҷа 4330 метрро ташкил медиҳад, ки аз ин, дар деҳаи Танобчии боло 800 метр, дар деҳаи Танобчии поён 400 метр, дар шаҳраки Баҳманрӯд 750 метр, дар мавзеъи Ҳамровиё 1200 метр, дар Ҷамоати деҳоти Кангурт 530 метр, дар деҳаи Шибанай 650 метр мавзеҳои хатарнок ҳастанд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 35 ҳазор сомонӣ барои кашонидани 200 адад тахтасангҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳо ҷудо ва сарф карда шудааст.
Ҳангоми боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон оид ба киштукори баҳорӣ ва пешгирии саривақтӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастуру супоришҳо доданд.