Дар Ҷамоати шаҳраки «Қубодиён»-и ноҳияи Қубодиён дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, корхонаи истеҳсоли яхмосро бунёд кардаанд.
Соҳибкори инфиродӣ Бахтиёр Раҳмонов маҳсулоти хушсифати истеҳсолии корхонаро ба бозору фурӯшгоҳҳои се ноҳия — Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ба фурӯш мебарорад ва аллакай ин маҳсулот харидорони зиёде пайдо кардааст.
Айни ҳол дар корхонаи соҳибкор Б. Раҳмонов наздик ба 20 нафар, аксаран бонувони маҳаллӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Музди миёнаи моҳонаи онҳо аз 1,5 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи саноат тавассути таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳаллу фасли бетаъхири мушкилоти вобаста ба барқ дар корхонаи соҳибкори маҳаллӣ Б. Раҳмонов дастур доданд.
Қобили зикр аст, ки проблемаи марбут ба неруи барқ дар ин корхона худи ҳамин рӯз бартараф карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон