Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сараввал раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ба мавзеи жолазадаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи хочагиҳои деҳконии “Бахтиёр-01” ва “Ҷурахон Қаюм” зарар дидаанд, дидан намуд.
Хоҷагии деҳқонии Ҷурахон Қаюм дорои зиёда аз 27 гектор замин буда, дар он 83 саҳмдор фаъолият мекунанд, ки дар 22-гектори он кишти пахта гузаронида шуда, дар боқимондааш гандум ҷуворимакка ва дигар навъи зироат кишт карда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии Бахтиёр-01 бошад 16-гектор заминро ташкил дода, дар он 24 саҳмдор кор мекунанд. Хоҷагии мазкур дар майдони наздики 7-гектор пунбадона кишт намудаанд. Дар боқимондааш гармхонаи мавсимӣ, ки дар он сабзавот аз қабили бодиринг, помидор, қаламфур парвариш карда мешавад, аз боридани жолаи бошиддат зарари ҷидди дидааст. Хоҷагидорон барои аз нав шинондани пунбадона тариқи дастӣ дар қитъаҳое, ки ниҳоли пахта пурра нест шудааст фаъолият доранд.
Тибқи иттилои хоҷагидорон пеш аз боридани жола нашъунамои пахта ва зироат хуб буд, ҳангоми боридани жола дар санаи 25-майи соли равон аз номусоид будани обу ҳаво шиддат гирифта ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ зарар расонидааст.
Раиси вилоят дар доираи сафари кории хеш ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ҷамоати деҳоти Гулшан ба деҳаи Бобосафол ташриф оварданд. Дар муассисаи мазкур сохтумони бинои дуошёна бо тамоми тарҳҳои муосир бо 320 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузоштанд. Синфхонаҳои пеш онқадар шароити хуб надошта, хонандагон дар се баст таҳсил менамудаанд. Бинои муассиса бояд бо харҷи 11 милион сомони сохта шавад.
Раиси вилоят дар назди муассиса бо сокинону омузгорон вохурӣ анҷом дода, даъват ба амал овард, ки дар ободкориву созандагии диёрашон саҳмгузор бошанд.
Қурбон Ҳакимзода аз боғи фарҳангии маркази ноҳияи Фархор ва маркази ҳунарҳои мардумӣ, ки дар бахши кор бо ҷавонони ноҳия шомил аст, дидан намуда ва ба омузиши ҳунарҳои мардумӣ баҳои баланд дода шуд. Дар маркази ҳунарҳои мардумӣ 14 ҳунаромӯз ҳунарҳои мардумиро омӯхта истодаанд. Зимни дидорбини раиси вилоят ба роҳбари фарҳанги ноҳия супориш дод, ки маркази дузандагии чаканро таъсис диҳанд ва ба ин васила занону духтарони гирду атрофи ноҳияро барои омухтани касб ҷалб намоянд.
Боғи марказии ноҳия 5,4 гектарро дар бар гирифта бо маблағи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон аз нав таъмир шудаистодааст. Айни замон сохтумони парчам бо 50 метр ва нишон 27 метр рафта истодааст. Раиси вилоят ба масъулин нисбати камбудиҳои ҷойдоштае, ки дар майдони варзишии назди боғи марказӣ дида шуд, дастур дод, ки майдончаро ба нафаре диҳед ҳамарӯза истифода бурда шавад.
Ҳамчунин раиси вилоят барои гузоштани санги асоси қасри фарҳангиву фароғати дар деҳаи Хурамзамини ҷамоати деҳоти Фархор ташриф оварданд. Раиси вилоятро дар деҳаи Хурамзамин сокинони касбу кори гуногун самимона пешвоз гирифтанд. Қасри фарҳанг дуошёна буда бо тарҳи замонавӣ дар майдони умумии 4781,9м2 бо маблағи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. Раиси вилоят дар доираи ободкориву созандагӣ ва 30 солагии истиқлолият дар назди ҳозирин суханрони намуд.
Қурбон Ҳакимзода чун мисли пештар аз ҳолу аҳволи якгурӯҳ собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фархор Мирзоев Раҳим, Исоев Чилахон, Авзалов Азизулло, Зайнура Мусоева, Аноргул Сафарова ва Мевагул Ғозиева бо хабар шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаина расонида шуд. Ин нафарон шукрона аз тинҷию амонӣ карда, дасти дуо бардошта шукронаи Пешвои миллат ва сулҳу субботро намуданд.
Дар анҷоми сафари кори раиси вилоят бо намояндагони фаъоли ноҳияи Фархор дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯри анҷом дода, оид ба камбудиҳои ҷойдошта, саривақт ба итмом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини ноҳияи Фархор дастуру супоришҳо қатъи дода шуд.