Имрӯз сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Қубодиён аз боздиди ӯ аз пойгоҳи обкашии №1 оғоз гардид.
Пойгоҳи мазкур дар деҳаи Қаблаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров воқеъ буда, соли 1968 бунёд гардидааст.
Ба қавли Боймурод Раҷабов, сардори пойгоҳҳои обкашии каскади Қубодиён №1-6, пойгоҳ дорои 6 агрегат буда, дар як вақт иқтидори кашидани 14 куб обро доро мебошад. Ба воситаи ин пойгоҳ як қисми заминҳои Ҷамоати деҳоти И.Ниёзов ва У.Назаров, дар маҷмӯъ беш аз 5,5 ҳазор гектар заминро бо оби полезӣ таъмин менамояд.
Дар пойгоҳи обкашии №1 9 нафар корманд дар 3 баст ва дар ҳамаи 6 пойгоҳ наздики 60 нафар ба кор ҷалб гардидааст.
Раиси вилоят ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳо, инчунин таҳким бахшидани иқтидори пойгоҳҳои обкашӣ бо мақсади васеъ намудани майдони обёришаванда ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани заминҳои нав ба масхулон дастур дод.