Сафари кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷамоати деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг 31 декабр бо боздид аз маркази ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Сиёҳфарк идома кард.

Қайд гардид, ки ин марказ соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз тарафи соҳибкор Вилоят Муҳиддинова бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Раиси вилоят нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои миллӣ, ки бонувони деҳа ороста буданд, дидан намуда, ба ҳунари пазандагии онҳо баҳои баланд дод.

Дар ошёнаи дуюми бинои марказ сехи хайётӣ фаъолият карда, дар он 16 нафар бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Марказ бо 16 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин карда шуда, дар он сарулибоси мактабӣ барои духтарон, маводҳои рӯзгор (матрас, кӯрпача), гулдӯзиҳо ва дигар номгӯи маҳсулоти миллӣ омода менамоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо бонувони ҳунарманд аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардид. Роҳбари давлат ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат карда, даъват намуданд, ки “то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем”.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here