Нахуст, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов бо раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, муовинони раис, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия мулоқоти сайёр доир намуда, онҳоро вазифадор карданд, ки кишту кори баҳориро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳар як ваҷаб заминро самарабахш истифода баранд.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин барои ҷоннок корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум, захираи маводи озуқа, чораандешӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба масъулон дастур доданд.

Зимни шиносоии раиси вилоят аз заминҳои кишти пахтаи хоҷагии ба Н. Бегов иттилоъ доданд, ки ин хоҷагӣ ҷамъан 1506 гектар заминро дар ихтиёр дорад ва то имрӯз дар майдони 700 гектар тухмиҳои навъи флора, флеш, 51-14, “Хатлон” кишт карда шудааст. Хоҷагӣ азм дорад, ки майдони пахтаро дар мавсими имсола ба 980 гектар расонад.

Дар хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 125 гектар пунбадошта кишт шуда, бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешавад. Дар ин хоҷагӣ ширкати “Ҷунгтай Син Силу” ба пахтакорӣ машғул аст. Хоҷагидорон соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 23-сентнерӣ ҳосили “тиллои сафед” рӯёнидаанд.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки имсол дар 15 гектар замини хоҷагии ба номи С. Ҷумъаев кишти картошка гузаронида шудааст ва он ҳоло нашъунамои хуб дорад.

Дар масвими имсола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 297 гектар картошка ва 1440 гектар гандум кишт карда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дастур доданд, ки дар кишти такрорӣ афзалият ба кишти картошка, гандум, донагиҳо бояд дода шавад, то дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузорем.

Гузориши муфассали видеоиро ин ҷо бубинед:

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон