Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 24 апрел дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳритус аз кишти зироатҳои кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷ.Қайнаров”, “Саодат”, “Гавҳар  Шокир” , “Ойшаҳр”, “Акмал”, “Чоршанбе”, “Қайнарбобо” дидан намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ҷ.Қайнаров” дорои 3 гектар замин буда, ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ, помидор, бодиринг ва дигар анвои сабзавот машғул мебошад. Хоҷагии деҳқонии “Саодат” бошад, як гектар замин дар ихтиёр дошта, хоҷагидорон феълан пиёзкорӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, дар хоҷагиҳои деҳқонии “Гавҳар Шокир” ва “Ойшаҳр” дар майдони 0,60-гектарӣ кишти пиёз, дар хоҷагиҳои деҳқонии “Акмал” ва “Қаробойбобо” дар майдони аз 15 то 20-гектарӣ кишти пахта ва дар хоҷагии деҳқонии “Чоршанбе” айни замон дар майдони 1,2 гектар замин кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо вазъи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии чанде аз шаҳрвандони ноҳияи Шаҳритус дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Худойназар Холматов ва “Обшорон” муносибати онҳоро ба замин намунаи ибрати дигарон хонд.

Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Элшод Ҳасанов 0,30 сотихро ташкил дода, дар майдони 0,3 сотих картошка, 0,5 сотих маккаи дон, 0,1 сотих помидор ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Номбурда аз қитъаи замини наздиҳавлигиаш 2-3 ҳосил рӯёнида, ҳар сол фоидаи калон ба даст меорад. Вай ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб заминаш ҷаҳд намуда, ҳосили кишти гузаронидааш нашъунамои хуб дорад.

Шаҳрвандон Тоҳир Маҳмадиев, Эргаш Бобоқулов, Тоҷӣ Сувонқулов, Эргаш Қодиров, Абдурасул Рустамов, Маҳбуба Ортиқова, Гулнора Қосимова низ дар заминҳои наздиҳавлигиашон помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, картошка ва дигар зироатҳоро кишт карда, бо ҳосили бадастовардаашон рӯзгори хонаводаро пеш мебаранд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва шаҳрвандони ноҳия аз даъвати Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки ба деҳқонон, хусусан онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, нигаронида шуда буд.

— Тавре ки аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд, — зикр намуд раиси вилоят. — Ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оила ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ агар мо имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд. Тавре ки Роҳбари давлат таъкид намуданд, мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем, ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентиро барои истеҳсоли маводи ғизоӣ самаранок истифода намоем.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин хоҷагидоронро ба анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат дар доираи имконоту тавонмандиашон даъват намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон