Рӯзи 28-уми ноябри соли ҷори раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва аз наздик шинос шудан бо иншоотҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташуда, ба ҷамоати деҳоти «Гулистон» ташриф овард.
Раиси шаҳрро раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» С. Ҳалимзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. Сараввал раиси шаҳр аз майдончаи варзишии футболи хурд, ки бо ташаббуси соҳибкор Абдураҳим Ҳақназаров сохта ба истифода дода шудааст, дидан намуд. Чуноне ки қайд гардид, дар замини атрофи ин варзишгоҳ, ки 0,30 гектарро ташкил медиҳад, инчунин сохтмони қаҳвахона, нонвойхона, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва утоқи шӯстушӯиву либосивазкунӣ оғоз гардида, ба истифода додани онҳо дар арафаи ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфти А. Ҳақназаров дар оянда дар ин мавзеъ сохтмони бинои ҳозирамони дуошёна бо ҷойгирии меҳмонхонаву ҳаммоми замонавӣ ва мағозаи хӯрокворӣ дар назар дошта шуда, дар умум наздики 15 нафар сокинони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-ро бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин хоҳад кард. Раиси шаҳр зимни суҳбат аз соҳибкор талаб намуд, ки иншоотҳо бо назардошти меъёрҳои шаҳрсозӣ ва бо сифати баланд сохта шуда, чароғонкунии атроф ва ободониву сабзкории он низ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар идома раиси шаҳр бо рафти корҳои сохтмонию азнавсозии боғчаи бачагона, ки сохтмони онро соҳибкори маҳаллӣ Ҳотамов Илҳом ба уҳда гирифтааст, ошно гардида, барои сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гардидани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Самизода Санавбар сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шириро, ки дар заминаи фермаи чорвопарварии хоҷагии деҳқонии «Бӯстон», ки дар деҳаи «Хуррамдеҳ» амалӣ гашта истодааст, аз назар гузаронид. Ба раиси шаҳр хабар доданд, ки сохтмони ин корхона бо маблағи 600 ҳазор сомонӣ аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонии «Бӯстон» ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ба иттилои масъулин ин корхона дар рӯзҳои таҷлили ҷашни «Наврӯз» ба истифода дода шуда, камобеш 20 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин менамояд. Гуфта шуд, ки фермаи мазкур соли 2016 ҳамагӣ 9 сар гов дошту халос. Бо талошу заҳматҳои роҳбари хоҷагӣ имрӯзҳо шумораи ҳайвони калони шохдор ба сад сар расидааст. Хоҷагидорон нияти дар оянда зиёдтар кардани саршумори чорворо доранд ва имконияти нигоҳдории 400 сар гов барои онҳо фароҳам аст.
Раиси шаҳр бо ҳамроҳонаш инчунин аз иншоотҳои ҷашнии дар деҳаи Тоҷирон ва Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» сохташаванда дидан намуда, барои ҳарчӣ зудтар омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, дар сатҳи баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ба истифода додани онҳо ба мутасаддиён дастур дод.