15 май дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Эрон боздиди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мазрааи кишти лаблабу ва гандуми Фаримон сурат гирифт. Дар ин боздид раиси вилояти Хатлонро роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ ва утоқи бозаргонии ин минтақа ҳамроҳӣ карданд.
Қайд гардид, ки мазраа аз 44 гектар иборат буда, дар он лаблабуи қанд парвариш карда мешавад. Ин мавзеъ асосан барои истеҳсоли шакар нигаронида шуда, ҳисоби миёнаи тавлиди лаблабу 54 тонна аз ҳар гектарро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи истифода аз усулҳои муосири парвариш, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, соли гузашта ҳосили баланди лаблабу ба даст омада, то 90 тонна лаблабу аз ҳар гектар бардошта шуд. Тавре ки ба раиси вилоят Давлаталӣ Саид иттилоъ доданд, ҳосили рекордии лаблабу дар ин мавзеъ 150 тонна аз як гектар аст, ки дар гузаштаи начандон дур ба қайд гирифта шудааст. Нархи бозории ин маҳсулоти кишоварзиро мақомоти давлатӣ танзим мекардаанд.
Давлаталӣ Саид доир ба таҷрибаи парвариши лаблабу дар вилояти Хатлон сухан карда, гуфт, ки табодули таҷрибаи лаблабукорони ҳар ду вилоят барои афзоиш додани ҳосил, ба роҳ мондани коркарди баъдии он ва боло бурдани самаранокии истифодаи замин муфид мебошад.
Дар идома ҳайати вилояти Хатлон аз майдони кишти ҷаву гандум дидан намуд. Дар ин мавзеъ, ки иқлимаш ба вилояти Хатлон мушобеҳ аст, то 120 сентнер ҷав аз як гектар ба даст меомадааст.
Ҳайати роҳбарият ва соҳибкорони вилояти Хатлон ҳамчунин дар ду гурӯҳ — яке кишоварзӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва дигаре саноат бо роҳбарии раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, аз маконҳои кишоварзии шаҳри Тӯс ва шаҳракҳои саноатӣ дидан намуданд.
Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Фаримон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шакар шинос шуд. Зикр гардид, ки ин корхона 55 сол боз ба истеҳсоли шакар аз лаблабуи қанд машғул буда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ касб кардааст. Роҳбарияти корхона иттилоъ доданд, ки дар як мавсим то 190 ҳазор тонна лаблабу мавриди коркард қарор гирифта, то 40 ҳазор тонна шакари хушсифат истеҳсол ва ба бозорҳои дохилу хориҷи Эрон содир карда мешавад. Вилояти Хуросони Разавӣ дар маҷмӯъ 9 корхонаи истеҳсоли шакар дошта, яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи ин навъи ғизо дар Эрон маҳсуб меёбад.
Нимаи дуюми рӯзи 15 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз ҳолдинги “Гуҳар”, ки аз ҷумлаи бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Эрон мебошад, дидан намуд. Роҳбарияти ширкати мазкур ҳайати Хатлонро истиқбол гирифта, ба сайри шиносоии корхонаи “Гуҳар Дона Шарқ” даъват кард. Иттилоъ дода шуд, ки ҳолдинги “Гуҳар” аз 14 корхона, аз ҷумла “Гуҳар Таробар Шарқ”, “Гуҳар Коло Шарқ”, “Гуҳар Мукамел Шарқ”, “Гуҳар Тиҷорат Шарқ”, “Гуҳар бол Шарқ”, “Гуҳар Мокиён Шарқ”, “Гуҳар Протеин Шарқ” ва ғайра иборат аст. Корхонаҳои холдинг ба истеҳсоли намудҳои гуногуни хӯроки чорво, гӯшти паранда ва дигар навъи маҳсулот сарукор доранд. Дар ин корхона наздик ба ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки дар миёнашон, тавре ки иттилоъ дода шуд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо робарияти ҳолдинги “Гуҳар” доир ба имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории Хатлон сухан ронда, қайд намуд, ки ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони тоҷику эронӣ ва сармоягузорӣ дар бунёди коргоҳҳои саноатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бо мақсади дар оянда фаро гирифтани бозорҳои минтақа, аз ҷумлаи самтҳои боровари ҳамкорӣ хоҳад буд.
Шоми 15 май ҳайати вилояти Хатлон оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавиро дар шаҳри Тӯс зиёрат намуданд.