Имрӯз, 3 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик, бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ аз якчанд иншооти сохташаванда боздид ба амал овард.
Нахуст, аз сохтмони сардхона ва самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои сокини деҳаи Танобчии миёна, соҳибкори ватанӣ Каримова Меҳринисо боздид намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, ҳудуди қитъаи замини гармхона ва сардхона дар масоҳати 2124 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.
Ҳамзамон, иншооти мазкур дорои 3 адад гармхона ва 1 адад сардхона мебошад, ки дар гармхонаи мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ парвариш карда шуда, дар 1 адад сардхона, ки бо ғунҷоиши 100 тонна мебошад, барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ сохта шудааст.
Дар давраи сохтмонӣ 10-15 нафар шаҳрвандони деҳоти Танобчӣ бо ҷои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуданд.