Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯшониён имрӯз, 3 январ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни сохтмони меҳмонхона ва маркази табобатӣ дар кӯчаи ибни Синои Ҷамоати шаҳраки “Исмоили Сомонӣ” шинос гардид.

Иншоотҳои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Анвар Фақиров бо маблағи ду миллион сомонӣ бунёд гардида истодаанд. Ошёнаи якуми бинои меҳмонхона барои тарабхона пешбинӣ гардида, дар ошёнаҳои дуюму сеюм барои қабули меҳмонон 20 ҳуҷра ороста мешавад. Бинои беморхонаи хусусӣ бошад, барои 30-40 кат дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят ба рафти корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.

Раиси вилоят дар маркази ноҳияи Кӯшониён инчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,60 гектар бунёд мегардад. Барои татбиқи ин тарҳ сарфи 1,8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Майдони мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри фароғати сокинони шаҳрак ҳамчун гулгашт ва макони баргузории чорабиниҳои идона бунёд мегардад.

Қурбон Ҳакимзода дар ҳашари шинонидани дарахтони ороишӣ дар майдони марказии ноҳияи Кӯшониён иштирок карда, барои хуррамгардонӣ, гулкорӣ, аз ҷумла шинонидани гулҳои лола дар ин гулгашт ба масъулон дастур дод. Дар назар аст, ки майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Зимни боздиди раиси вилоят аз гармхонаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Имоми Аъзам, воқеъ дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”, зикр шуд, ки барои бунёди гармхонаҳо ба соҳибкор Давлатёр Бедимоғов як гектар замин ҷудо карда шудааст. То рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ин мавзеъ бо истифоа аз усули обёрии қатрагӣ силсилаи гармхонаҳои парвариши помидор (дар масоҳати 0,30 га), бодиринг (дар масоҳати 0,30 га), боимҷон (дар масоҳати 0,20 га), қаланфури тезак (дар масоҳати 0,!0 га) ва булғорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулони идораҳои кишоварзӣ, коммуналӣ, обёрӣ, ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯшониён доир ба истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ, тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо ва ҷӯю заҳбурҳо аз партовҳо, таваҷҷуҳ ба симои меъмории шаҳрак дастуру супоришҳо дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here