Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилояти Хатлн Қурбон Ҳакимзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба муассисаш миннатдорӣ баён намуданд.
Муассисаи томактабии хусусӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов дар масоҳати 0,8 гектар сохта мешавад. Он аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Тавре ки соҳибкор ба раиси вилоят иттилоъ дод, қарор аст, ки дар ин кӯдакистон тифлон дар се гурӯҳ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба тарбия ва таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Айни замон бунёди муассисаи мазкур ба анҷом расида истодааст. Маблағи умумии сохтмон 2 миллиону 650 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон