Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи варзишии сохташаванда дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.
Зикр гардид, ки ба Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ» дар маҷмӯъ дар майдони 25 гектар замин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои сохтмони иншоотҳо ҷудо карда шудааст.
Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст.
Иншооти калонтарини он — Маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад. Майдони Маҷмааи варзишӣ 11 гектарро дар бар гирифта, маблағи сохтмони он 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар варзишгоҳ 15000 ҷойи нишаст барои мухлисон пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, Маҷмааи варзишӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Аз тарафи ширкати мазкур дар саҳни рости Маҷмааи варзишӣ майдони Парчами миллӣ ва майдони Нишони давлатӣ, дар саҳни чапи Маҷмаа гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, Мақбара ва Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ сохта мешавад.
Инчунин дар назди ин Маҷмааи варзишӣ сохтмони мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳ барои хонандагон ва омӯзгорон (ба маблағи лоиҳавии 23 миллион сомонӣ), сохтмони муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак (маблағи лоиҳавӣ — 13 миллион сомонӣ), 2 хонаи бисёрошёнаи 50-ҳуҷрадор (ҳар як ба маблағи 9 миллион сомонӣ) идома дорад.
Тибқи лоиҳа дар ин мавзеъ инчунин меҳмонхона, маркази савдо ва 8 адад хонаи бисёрошёна (ҳамагӣ 10 хонаи бисёрошёна) сохта мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи корӣ дар ин мавзеъ ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулони маҳаллӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ, тақвияти корҳои оммафаҳмонӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараовару оқилонаи замин дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон