Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода аз рафти корҳои ободонию тозакорӣ дидан намуданд. Аввалан майдони ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоятро дидан карданд.

  Ёдовар мегардем, ки имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тозакорӣ рафта истодааст. Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза мардуми шарафманди Бохтар новобаста ба рӯз ва вақту соати корӣ ба тозаву озода намудан ва обод кардани як гӯшаи шаҳри дилоро машғуланд. Чун дигар гӯшаҳои шаҳр майдони Ҷалолиддини Балхӣ низ тозакорӣ ва азнавсозӣ гашта истодааст. Соҳаи ҷавонон ва варзиши вилоят ва шаҳр барои тозаву озода ва зебо намудани гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ масъул гаштаанд.

  Гуфта шуд, ки бинои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят бояд таъмир карда шавад ва гирду атрофашро зебу оро додан муҳим аст. Аз ин лиҳоз, сардори Раёсати мазкур ва дигар кормандони соҳа баҳри ободонӣ ва зебу оро додани айдони номбурда ва бинои Раёсат вазифадор карда шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here