Дар идомаи сафари корӣ аз рафти кишти пахта дар кооперативи тухмипарварии «Сабз-Н», ки роҳбариашро Шарипов Нуралӣ ба уҳда дорад, шиносоӣ пайдо карданд. Тибқи маълумоти роҳбари хоҷагӣ миқдори заминҳои хоҷагии тухмипарварии «Сабз-Н» 263 га буда, аз он ҷумла барои пахта 135 га, сабзавот 1,0 га, ғалладонагиҳо 60 га, макка барои силос 10 га, дигар зироатҳо 1,0 га буда, ҳамасола кишт гузаронида мешавад.
Тибқи нақша хоҷагӣ имсол дар 135 га замин пахта кишт мекунад. Ҳамасола хоҷагӣ наздики 304 т пахта ҳосил ба даст оварда, иҷроиши дурнамои хоҷагиро таъмин менамояд.
Имсол дар хоҷагии мазкур чигити навъи Сабз-Н дар майдони 70 га, 6530 дар майдони 80 га ва Хатлон дар майдони 20 га кишт гузаронида мешавад.
Сарвазири мамлакат бо кишоварзони хоҷагӣ суҳбат намуда, оид ба самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани 2-3 ҳосил тавсияҳои судманд дод.