Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ниҳолпарваришгоҳи дарахтони нодир, гармхона ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар дидан намуданд.
Ниҳолпарваришгоҳ дар масоҳати 2 гектар замин барои парварвариши дарахтони нодири аврупоӣ бо мақсади таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дарахтони ороишӣ аз тарафи соҳибкор Азизов Ҳусейн мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Ҳамчунин дар ниҳолпарваришгоҳ дар масоҳати 480 м2 гармхона барои парвариши қулфинай бо тарҳи замонавӣ ташкил карда шудааст, ки нашуънамои хуб дошта, аллакай маҳсулоти он омода гардидааст.
Айни замон дар ниҳолпарваришгоҳ зиёда аз 1100 дона дарахтони нодир шинонида шудааст.
Дар саҳни ниҳолпарваришгоҳ намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода якҷоя бо боғдорон чанд дарахти нодир, аз ҷумла прунус писардиро шинониданд.
Пасон, бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи бинои истиқоматии бисёрошёна, воқеъ дар кӯчаи ба номи X. Мирзоқодироваи шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Бинои мазкур 6 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкор Ҳайдаров Асомуддин бунёд гардидааст. Шумораи ҳуҷраҳо 48 ададро ташкил намуда, масоҳати умумии он 2085 м2 мебошад.
Арзиши сметавии бино 2 миллиону 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаи якуми бино маркази хизматрасонӣ (мағозаи маҳсулоти ниёзи мардум) бо тарҳи замонавӣ ташкил карда шудааст.
Сарвазири мамлакат калиди манзили истиқоматиеро, ки бо мусоидати соҳибкор ба як оилаи ниёзманд ҷудо карда шудааст, дар маросими тантанавӣ ба соҳибаш тақдим намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Бохтар якчанд иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимию тиббӣ, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, гармхонаю парваришгоҳи ниҳоли дарахтони нодир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон