Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи ҳамроҳонаш ҷиҳати шиносоӣ аз рафти ҳолатҳои корҳои сохтмонӣ дар обгардонҳо ва садҳои обгузари дарёи Панҷ дар мавзеи Чубек ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Тибқи маълумот ҳар сол бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Канали Чубек” корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустахкамкунӣ ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро дар бар мегирад. Барои ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, яъне таъмири садҳои обпарто ва пешгирии хавфи обхезӣ дар мавсими имсола аз ҷониби муассисаи мазкур 10000 ҳазор тахтасангҳо омода ва захира карда шудааст. Барои иҷрои корҳо дар ин самт 6 адад техника ва механизмҳои лозимӣ омода мебошанд.
Дар баробари ин, бо мақсади дар оянда бо оби софи полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” бо сармояи хориҷӣ дар масоҳати 36 гектар ҳавзи обтакшинкунӣ бунёд гардида истодааст.
Дар вақти боздид Сарвазири мамлакат ба масъулин барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ тавсияҳо дод.