Имрӯз 21 майи соли ҷорӣ баъд аз қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Носири Хусрав, Раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ташриф оварда аз рафти фаъолияти як чанд хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим боздид ба амал овард, аз он ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Мансур”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов ноҳияи Шаҳритус дидан намуд. Роҳбари хоҷагии деҳқонии мазкур Абдураҳмонов А. буда оилаи онҳо аз 4 нафар иборатаст, ки асосан зиндагии онҳо хамарўза аз ҳисоби заҳматашон дар замин ба ҳисоб меравад. Хоҷагии мазкур дорои 4.0 гектар замин мебошад. Аҳли оила ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла: пахта, гандум ва дигар сабзавотҳо машғул мебошад. Айни замон дар майдони 1.2 га гандум, 0.25 га пиёз ва 0.55 га ғалладонагиҳо кишт намудаанд, ки ҳосилнокияш хуб мебошанд.
Дар ҳамин замина Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Азамат”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов дидан намуд. Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Азамат”-ро Раҳимов А. ба ӯҳда дошта, аслан ин хоҷагӣ ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла: пахта, гандум ва дигар сабзавотҳо машғул мебошад. Майдони умумии хоҷагӣ 5,5 га-ро дар бар гирифта, айни замон дар майдони 2.0 га пиёз, 2,5 га ғалла ва 1,0 га пахта кишт намуданд. Деҳқонон иброз намудаанд, ки аз ин заҳмати кашидаашон ҳосилнокии хуб ба даст оварда ҳам зиндагии худ ва ҳам бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин менамоянд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда аз рафти нашъунамои пахтаи хоҷагиҳо дидан намуд. Роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар хоҷагиҳои мазкур бо фаъолону кишоварзон мулоқот намуда, зимни сӯҳбат дар самти саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили пухта расида, коридани кишти такрорӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо, захира намудани маводи ғизоӣ барои ду соли оянда, пешгирии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ҷалбу ҳидоят намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва дӯст доштани Ватани азизамон, ҳамкории зич доштан бо соҳибкорон дастуру ҳидоятҳо намуд. Дар ноҳияи Қубодиён раиси вилоят аз
коргоҳи мавсимии истеҳсоли яхмос “Яхмоси Қубодиён” боздид ба амал овард.
Коргоҳи мавсимии истеҳсоли яхмос ба соҳибкори инфиродии маҳаллӣ Раҳмонов Бахтиёр тааллуқ дошта, 17 нафар ба таври мавсими дар он фаъолият менамоянд. Оғози кор дар коргоҳ ҳамасола аз 1 апрел шурӯъ гардида, иқтидори истеҳсоли моҳонаи он 30 тонна яхмосро ташкил медиҳад. Маҳсулоти баровардаи ин корхона сифати хуб дошта харидорони хоси худро пайдо намудааст, ки ба ин васила ҳам ноҳияи худ ва ҳам ноҳияи гирду атрофро бо яхмоси хуштаъму болазат таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти вилоят дар ноҳияҳои номбурда аз рафти сохтмони якчанд иншоотҳои ҳаётан муҳим, ки бахшида ба ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд боздид ба амал овард.