Ҳамчунин, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Темурмалик аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзолбарорӣ боздид ба амал овард.
Тибқи маълумоти масъулин корхона моҳи октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Ҳамзамон, аз рӯи ҳисоботҳои омории ноҳия дар корхонаи ”Пойафзоли Кангурт” 35 нафар кормандон аз ҳисоби занону мардони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар давоми 4 моҳи аввали соли 2023 дар корхона 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Дар заминаи корхонаи мазкур сехи “Дӯзандагӣ” низ фаъолият дорад, ки дар он 8 нафар дӯзанда машғули кор буда, аз ҷониби онҳо дар ин давра ба маблағи 1077,8 ҳазор сомонӣ корҳои дӯзандагӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар рафти боздид, раиси вилоят бо кормандон ва масъулони корхонаи истехсолӣ суҳбат намуда, оид ба боз ҳам афзун намудани истеҳсолот, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.