Сипас, дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии бинои шуъбаҳои таваллудхона ва ҷароҳии Беморхонаи марказӣ боздид бабаамалловард.
Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки бо дарназардошти рушди соҳаи тандурустӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо маблағгузории Бонки рушди Олмон дар масоҳати 3030 метри мураббаъ қитъаи замин азнавсозӣ шуда, дар иншооти мазкур ба маблағи 11 миллиону 158 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Беморхонаи мазкур дар кӯчаи А.Синои Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ҷойгир буда, соли 1988 сохта шудааст. Дар давоми солҳои фаъолият се маротиба таъмири ҷорӣ гардида бошад ҳам, бо сабаби куҳнаю фарсуда гардиданаш ба азнавсозии асосӣ ниёз дошт.
Таъмиру азнавсозӣ намудани бинои шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия, аз ҷониби фармоишгар Бонки рушди Олмон, лоиҳакаши иншоот ООО “Неъмат” бо тарҳи муосир таҳия ва тарҳрезӣ шуда, аз тарафи пудратчии он ҶДММ «ЁХСУ» сохта шуда истодааст.
Дар таъмиру азнавсозии иншооти мазкур беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.