Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз бинои маъмурии Кумитаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо бунёд гардида истодааст дидан намуд.
Масоҳати умумии бино аз 0,4 га иборат буда, аз он зери сохтмон 78 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна ва аз 7 утоқҳои корӣ иборат мебошад.
Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, рафти корҳои сохтмони идома дорад. Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода аз бинои Қасри фарҳанги ноҳия дидан намуд. Қасри фарҳанг собиқ дар бинои кинотеатри Киров, ки солҳои пеш сохта шудааст, ба таъмири асоси ниёз дорад. Раиси вилоят ба фаъолон дастур дод, ки барои таъмири бинои мазкур тамоми чораҳоро андешанд.