Имрӯзҳо ҳайати эҷодии театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар болои намоишномаи «Қиёмат» аз рӯи асари Чингиз Айматов дар коргардонии Парвиз Раҷабов ба саҳна оварда истодаанд.
Аловуддин Абдуллоев директори театр иттилоъ дод, ки моҳҳои октиябри соли равон ба ифтихори 90-солагии Чингиз Айматов дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон фестивали театрҳои касбӣ дар назардошта шудааст ва театри мо бо намоишномаи «Қиёмат» иштирок хоҳанд кард.
Тазаккур бояд дод, ки дар намоишномаи «Қиёмат» ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз ҳунармадони ҷавонон нақшофарӣ мекунанд.