25 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Абдулҳаким Қувват дар маҳаллаи Корези Болои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Он бо пешниҳоди истиқоматкунандагони маҳалла бунгоҳи тиббии “Моҳи Тобон” номгузорӣ карда шуд.

  Иншооти мазкур бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, муовини раиси вилояти Хатлон, А. Қурбонов, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва доираи васеи меҳмонону истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуда, иштирокчиён ба сатҳу сифат, санъати меъморӣ ва таҳҷизоти замонавии бунггоҳи тиббӣ баҳои баланд дода, ба Холзода Абдулҳаким Қувват барои ин иқдом изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

  Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин иқдоми нек ба директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холзода Абдулҳаким Қувват изҳори миннатдорӣ намуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here