Ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносие, ки аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22 июни соли равон оғоз гардида буданд, то 22 июл идома хоҳанд кард.
Нуриддин Сайфуллоев, роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи мазкур, зикр намуд, ки дар натиҷаи ковишҳо дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳои даврони Сомониён, архитектураи сохтмони даврони Сомониён ва якчанд сафолнигораи бозмонда аз замони Сомониён, ҳамчунин шишапораҳое, ки дар ҳамон замон зарф омода мегардид, ёфт карда шуд.
— Ҳоло моро дар ковишҳои мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доктори илмҳои таърих, профессор Хушбахт Абдуназаров, корманди хурди илмӣ Аслиддин Қараев, озмоишгар С. Сангалӣ ҳамроҳӣ мекунанд, — афзуд Н. Сайфуллоев.
Бино ба иттилои манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар фосилаи ду километр аз ҳамдигар дур ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номбар шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард, дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти “Узун” ҷойгир шуда, масоҳаташ 42,5 гектарро ташкил медиҳад.
Ба қавли бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзиаш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.
Тазаккур бояд дод, ки бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм доранд, ки дар ояндаи наздик инчунин дар мавзеи таърихии Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор ва мавзеи Корези ноҳияи Данғара низ ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом диҳанд.