Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дурнамои ҳамкориро бо намояндагони лоиҳа оид ба рушди иқтисодии деҳоти Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ кард.

Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ бо ҳайати намояндагони лоиҳа оид ба рушди иқтисодии деҳоти Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ Ҷаноби Андреа Далл Олио мулоқот кард.

Муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Раҷабов Р. С. минатдории хешро ба намояндогони Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Рушди иқтисодии деҳот», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад баён намуда, қайд намуд, ки ҳамкориҳо дар самти ҳали мушкилиҳои соҳаи коркард, истеҳсол, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ оид ба бунёд ва тараққӣ додани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ метавонад бештар гардад.

Ҷаноби Андреа Далл Олио — иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ дар навбати худ барои қабул ба муовини раиси вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мавзеҳои сайёҳӣ, манзараҳои зебою обод дорад ва мақсади мо тариқи лоиҳаи таҳияшудаистода барои ободонии рушди деҳот, ҳамзамон пайгирии эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳа ду қисмро дар бар гирифта, қисми аввал коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-агробизнес ва қисми дуюм рушди сайёҳӣ мебошад, ки ҳамаи корбарии лоиҳавӣ тариқи Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳури Тоҷикистон ҷорӣ шуда, барои самаранокии рушди сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла мавзеҳои «Чилучор Чашма», «Ҳулбук» ва «Хоҷа Машҳад» равона мегардад, ки аз ҷониби лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ маблағҳои грантӣ 2 млн доллар барои мавзеи «Чилучор Чашма», 1 млн доллар барои «Ҳулбук» ва 400 ҳазор доллар барои «Хоҷа Машҳад» ҷудо хоҳад шуд.

Ҳамзамон Ҷаноби Андреа Далл Олио қайд намуданд, ки дар рафти амалишавии лоиҳаҳо истифода аз маблағҳои грантӣ обектҳои сайёҳии мавҷуда ва роҳҳои автомобилгард низ бо гузоштани роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои стандарти ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд. Роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои сайёҳӣ (туристические шиты) бо 3 забон омода карда шуда, дар роҳраву мавзеъҳои сайёҳӣ насб мегарданд, то ки барои маълумоти сайёҳони хориҷӣ дастрасу муфид буда, аз ҷойгиршавии мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, истироҳатгоҳҳою осоишгоҳҳо бохабар бошанд.

Дар рафти суҳбат муовини раиси вилоят пешниҳод намуд, ки як ҳамоҳангсози лоиҳа, ки аз рӯи кору фаъолияти лоиҳа назорат мебарад бигзор яке аз мутахассисони вилояти Хатлон интихоб шавад, ки аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ шинос бошад. Ҳамаи он масъалаҳое, ки барои дастгирии маблағҳои грантӣ ва иҷроиши кори лоиҳаҳои пешниҳодшуда бармеояд аз ҷониби ин ҳамоҳангсоз амалӣ карда шавад.

Дар охир ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда беҳтар гардида, амалишавии лоиҳа ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти минбаъдаи вилоят мусоидат менамояд.                                                                                                                                                                                                                                                              DSC_0886.JPG

МУРОДОВ Умед

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here