Бо мақсади муайян намудани ташкилоту муассиса ва корхонаи беҳтарин гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳтарии муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста ва роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Меҳмондустзода Ҷумъахон ташкилоту муассиса, корхонаҳоро аз назар гузаронида истодаанд.

 Бояд ташкилоту муассиса ба тамоми талаботҳои озмун ҷавобгӯй бошад то аз ҷумлаи беҳтарин ташкилотҳо эътироф гардад. Инро ба инобат гирифта, маъмурият ва кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳрӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Ин ҷо тозагиву озодагӣ, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, фаъолияти намунавӣ, шароити хуби корӣ ба инобат гирифта мешавад. Маркази саломатии шаҳри Бохтар барои иштирок дар озмуни мазкур омодагӣ дид. Гурӯҳи корӣ аз маркази саломатӣ ва дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҳудуди шаҳр дидан намуданд. Рӯзҳои наздик беҳтарин ташкилоту муассиса ва корхонаҳо муайян мегарданд.

5_2.JPG

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here