Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар литсейи давлатии №1 санҷиш гузаронид. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода фаъолиятро дар муассисаи мазкур ба пуррагӣ таҳлил намуд. Мутахассисони баландихтисоси шуъбаи маориф донишу маърифат, фаъолнокӣ, иштироки хонандагон дар дарсҳо, корҳои ҳуҷҷатгузории муассиса, омӯзгорон , назорати дохилимактабӣ ва дигар самтҳоро мавриди санҷишу таҳлили ҷиддӣ қарор доданд.
Ёдовар бояд гардид, ки баҳри рушди соҳаи маориф аз тарафи давлату ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ин аст, ки сол то сол дар муассисаҳои таълимӣ шароити кору таҳсил барои омӯзгорону хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво муҳайё гардидаанд. Омӯзгорон низ бо усулҳои нави таҳсил кор мебаранд, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда истодааст. Дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишѓол кардани шогирдон гувоҳи гуфтаҳои болост. Вақти санҷиш ба масъалаи донишу фаҳмиши хонандагон, тарзи гузариши дарсҳо диққати ҷиддӣ дода шуд. Камбудиву норасоӣ ва муваффақиятҳои омӯзгорон аз мадди назар дур намонд.
Ба фаъолияти литсейи давлатии №1 аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир шароитҳо беҳтар мегарданд. Давоми соли таҳсили ҷорӣ дар муассиса якчанд синфхонаи иловагӣ кушода шуд. Ҳамзамон мувофиқ ба иттилои маъмурияти муассиса мизу курсиҳои наву замонавӣ харидорӣ гардидаанд.
Дар қисмати охири рӯз бо иштироки аҳли гурӯҳи корӣ ва омӯзгорони муассиса ҷамъомад доир шуд. Дар он ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти литсей ва кори омӯзгорон мавриди таҳлил қарор дода шуд. Шоиста Абдуназарзода изҳор дошт, ки литсейи давлатии №1 аз муассисаҳои пешсафи шаҳри Бохтар маҳсуб меёбад, ки ҳамасола шогирдони босавод ва пешсафро омодаву пешниҳод мекунад. Хонандагони муассиса дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишѓол менамоянд. Сипас, дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба санҷиши гузаронидаашон маълумоти комил дода, аз камбудиву норасоиҳо ёдовар гардиданд. Дар қисмати охир қайд шуд, ки мувофиқ ба таҳлилу санҷишҳо раванди дарсгузарӣ, истифодаи усулҳои ҷадид, тартиботу интизом, маърифатнокӣ, ҳуҷҷатгузорӣ бо вуҷуди норасоиҳои ҷойдошта нисбати солҳои қаблӣ беҳтару хубтар мебошад. Ҳамингуна санҷишҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ гузаронида шуданд.