Ҳар ҳафта рӯзи душанбе ҷаласаи назоратии раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовинон, дастгоҳ, роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳо, раисони маҳалла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор мегиранд. Инчунин баҳри ислоҳи камбудиҳо ва беҳбуди бахшидан ба фаъолияти корӣ дастуру супоришҳо дода мешавад.

  Ин ҳафта раиси шаҳр ба мавзӯи ВНМО таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд ва дастур дод, ки бояд беморхонаҳои шаҳрӣ дар ин масъала ба таври ҷиддӣ корро ба роҳ монанд. Инчунин утоқҳои махсус барои кор бо гирифторони ВНМО, ташхискунандагон кушода шаванд ва хизматрасониро дар сатҳи лозима ба роҳ монанд. Барои иҷрои ин супориш муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста вазифадор гардид.

  Бо мақсади иҷрои супориши мазкур бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Гурӯҳи корӣ рӯзи 23.05.2018 сол аз Кумаки аввалияи тиббии шаҳр дидан кард. Ин ҷо бо утоқи махсусе, ки барои бақайдгирӣ ва ташхиси гирифторони ВНМО фаъолият мебарад, шинос шуданд. Қайд гардид, ки ҳамаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҳайё мебошад ва табибони кордону таҷрибадор ҷалб гардидаанд.

  Маъмурияти беморхона иттилоъ дод, ки дар ин самт пас аз супориши раиси шаҳр дар маҷлиси назоратӣ боз ҳам таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид ва шароитҳо беҳтар шуду нафарони иловагӣ ҷалб карда шуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Музаффар Ғаффуров низ бо табобибон бобати бемории ВНМО, аз ташхис гузаронидани беморон ва дигар самтҳои мавзӯъ суҳбатҳо орост. Ҳадафи аслии фаъолияти гурӯҳи корӣ назорати иҷроиши супориш ва муайян намудани фаҳмишу корбарии нафароне, ки баҳри иҷроиши супориш вобаста гардидаанд, мебошад.

  Гурӯҳи корӣ аз Маркази саломатии кӯдакона дидан карда, бо шароиту имконият ва сатҳи хизматрасонӣ шинос шуданд. Ҳамзамон аз шароиту имкониятҳо, лавозимоти тиббӣ, усули кории утоқи ташхиси хун ва дигар хизматрасониҳои Маркази солимии репрадуктивӣ дидан намуданд.

   Гурӯҳи корӣ пас аз дидан намудан аз ҳолати иҷоиши супориши раиси шаҳри Бохтар ва вазъи корӣ оид ба камбудиву норасогиҳо маслиҳатҳо доданд. Итминон меравад, ки кор дар ин самт ҷонноктар мегардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here