Дар саҳни «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар тайи ду рӯз 16-17 август намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ва ҷиҳоз барои таҳсили толибилмон баргузор гардид. Дар намоиш-фурӯши мазкур 5 корхонаи дӯзандагии шаҳр сару либоси мактабӣ ва лавозимот барои хонишро пешкаш намуданд.

 Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Бохтар 5 коргоҳ ва беш аз 20 дукони дӯзандагӣ бо 450-600 адад мошинаҳои дарздӯзӣ мавҷуд буда, дар онҳо аз 350 то 400 нафар фаъолият мекунанд. Мувофиқ ба маълумоти масъулон, ба ҳолати 15 августи соли 2018 дар анбори корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Бохтар 18600 адад сару либоси мабтабӣ дӯхта омода гардидааст.

 Самти фаъолияти 4 корхонаи дӯзандагӣ ба дӯхти сару либоси мактабӣ нигаронида шудааст. Аз он ҷумла, ҶСК «Ресанда», ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ», ҶДММ «Маркази ҳунаромӯзӣ» ва соҳибкор Куганова Холиса бо муассисаҳои таълимӣ шартномаҳои дутарафа баста, имрӯз дар ин самт кор карда истодаанд. Коргоҳҳои мазкур дар ин намоиш-фурӯш намунаҳои маҳсулоти худро ба намоиш гузошта буданд.

 Дар намоиш хонандагону волидон ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ширкат варзида, барои давраи таҳсили солҳои 2018-2019 сару либоси мактабӣ интихобу харид мекарданд.

 Муовинони раиси шаҳри Бохтар Сайфиддин Исмоил ва Шоиста Абдуназарзода ҷараёни баргузории намоиш-фурӯш ва нархи либосҳои мактабиро назорат намуда, бо волидон ва хонандагон оид ба сифати маҳсулот, нарху наво ва муносибати кормандони коргоҳҳои дӯзандагӣ суҳбатҳо оростанд. Қайд гардид, ки ин ҷо сару либоси мактабӣ ва ҷиҳози хониш нисбат ба бозорҳо аз 15 то 20 фоиз арзонтар пешниҳод шудааст.

 Волидон изҳор доштанд, ки дар мавриди назорати ҷиддӣ ва баргузории чунин чорабиниҳо метавонанд маҳсулоти дилхоҳро бо нархи арзон ва сифати баланд дастрас кунанд. Зеро ин ҷо онҳо интихоби васеи либосҳои мактабиро доштанд. Ҳамаи коргоҳҳои дӯзандагии иштирокдошта кӯшиш менамуданд, ки маҳсулоти босифат ва нархи арзонтарро ба хотири ҷалби муштариён пешниҳод созанд.

  Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бохтар имрӯз 21 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 24178 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи нақшабандии Вазорати маориф ва илми кишвар, имсол дар Бохтар барои 13951 нафар толибилм бояд сару либоси мактабӣ омода карда шавад. Ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи мазкур шуъбаи маорифи шаҳр чораҳои зарурӣ андешида, то 15 августи соли ҷорӣ барои беш аз 14000 адад либос бо корхонаҳои дӯзандагӣ шартнома бастааст, ки 100,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Инчунин барои дӯхтани 62237 адад либоси мактабӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шартномаҳо баста шудаанд.

 Дар умум, гуфтан мумкин аст, ки дар намоиш-фурӯш бо истифода аз имконияти мавҷуда ва интихоби васеъ қисмати зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар либосҳои мактабӣ ва ҷиҳози хонишро бо нархи нисбат аз бозор арзонтар харидорӣ намуданд.

5.JPG

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here