Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмони 268 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора сохтмони 19 иншоот дар соли 2018 шурӯъ гардида, 10 адади он баистифода супорида шуд.

  Сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна, дар ошёнаи якум бо ташкили маркази хизматрасонӣ воқеъ дар маҳаллаи У. Хайём, сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна воқеъ дар маҳаллаи Борбад, гузаронидани хати пастпартов воқеъ дар маҳаллаи Н. Ҳувайдуллоев, сохтмони бинои истиқоматии 4-ошёна бо маркази хизматрасонӣ дар Ургутмаҳалла, сохтмони 2 адад бинои истиқоматии 5-ошёна дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо, маркази ташхисиву табобатии «Суман» дар маҳаллаи ба номи С. Айнӣ ба анҷом расонида шудаанд, — таъкид намуд манбаъ.

   Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби аҳолӣ, соҳибкорон ва ширкатҳо 23 адад биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати 10625 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 1794 метри мураббаъ кам мебошад. Дар рафти баистифодадиҳии иншоотҳои мазкур 254 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 68 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.

  Тибқи иттилои масъулин айни ҳол сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, хизматрасонӣ, таълимӣ ва варзишӣ дар ҳудуди шаҳр, ки беш аз 61 ададро ташкил медиҳад, дар асоси нақшаи генералии шаҳри Бохтар, ки амалӣ гаштани он то соли 2035 пешбинӣ гардидааст, корҳо дар ин самт ҷараён дорад.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here